Ифтитоҳи озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Имрӯз, 7-уми августи соли 2025 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ)–и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) маросими тантанавии ифтитоҳи лабораторияи нави харитасозии радиатсионӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ президенти АМИТ, академик Хушвахтзода К.Х. ва директори Агентии амнияти ХБРЯ–и АМИТ, профессор Мирсаидзода И. иштирок намуданд.
Лабораторияи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.
«Ифтитоҳи лаборатория қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат хоҳанд кард», — зикр намуд президенти АМИТ дар суханронии худ.
Лаборатория ба як звенои калидӣ дар низоми амнияти ХБРЯ табдил хоҳад ёфт ва ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин лаборатория тањияи Атласи харитаҳои радиатсионии њудудњои Тоҷикистон дар назар аст.
Маросими ифтитоҳ бо намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода хоҳанд шуд.